Қазоқистон узви комилҳуқуқи СУС
Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Қазоқистон аз 30 ноябр узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо мегардад, гуфт президенти кишвар Нурсултон Назарбоев зимни суханрониаш тавассути телевизион.
«30 ноябр Қазоқистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. Дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СУС дар ин бора расман эълон карда мешавад. Ин марҳалаи муҳими таърихи Қазоқистони мустақил аст», — гуфт Нурсултон Назарбоев.
Парлумони ҷумҳурӣ дар охири моҳи июл протоколро дар бораи ба созмон ворид шудани Қазоқистон ба имзо расонида буд. Моҳи сентябр парлумони кишвар ҳуҷҷатро тасдиқ намуда, онро президент имзо кард. Қазоқистон узви 162 – уми созмон гардид.
Гуфтушунид дар бораи воридшавии Қазоқистон ба СУС қариб 20 сол идома ёфт, дархост дар бораи воридшавӣ ба созмони мазкур 29 янввари соли 1996 дода шуда буд. Русия баъди 18 – соли гуфтушунид дар соли 2012 узви Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






