Ба 67 шаҳрванди бекор 250 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд
Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ва бекорӣ миёни ҷавонон соли равон дар Конибодом таъсиси 4687 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра аз ҳисоби ҳама намуди сарчашмаҳо 4663 ҷойи корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд.
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хабар доданд, ки то имрўз 1773 шаҳрванд бо масъалаҳои таъминкунӣ бо кор муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 1336 нафар ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, 647 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба 67 шаҳрванди бекор ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд, ки дар натиҷа онҳо имконияти ба соҳибкорӣ машғул шуданро пайдо намуда, соҳиби ҷои кор шудаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






