Ба садама дучор шудани мошини рабудашуда

Декабрь 17, 2015 09:17

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) -15 декабри соли равон, тахминан соати 19:30 ҷавони 24 солаи сокини ноҳияи Варзоб мошини шахсии тамғаи “Саманд”-и ҳамдеҳаи худ- ҷавони дигари 24- соларо рабуда,  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи мазкур ба мошини тамғаи “Лексус-570”, таҳти идораи ронанда, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе бархӯрда, ҳаракати худро идома медиҳад. Номбурда дар километри 25-уми роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд” аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд. 
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 23 солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 16 декабри соли равон, тахминан соати 13:00 дақиқа шахсони номаълум аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа мошини шахсиаш тамғаи “ВАЗ-2106” -ро рабудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони рабудани мошини мазкур, ду ҷавони 18 ва 19- солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.

Декабрь 17, 2015 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад