Балҷувон: норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бартараф мешавад
Балҷувон, 24.12.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар давоми солҳои охир муҳассилини муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Балҷувон дар олимпиада ва озмунҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо мегарданд. Имсол низ чанд тан аз хонандагони ин муассиса дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ иштироки фаъол доштанд. Ба гуфти ғолибони олимпиадаи вилоятӣ Нозанини Идибек ва Сафаралии Ҳабибулло, дар муассисаи мазкур беҳтарин омӯзгорон ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Мактаби №1 калонтарин муассисаи таълимии ноҳияи Балҷувон ба шумор меравад.
Бино ба иттилои шуъбаи маориф ҳоло норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар ноҳияи Балҷувон бартараф ва аксари мактабҳо навсозӣ шуда, аз хонаҳои шахсӣ бароварда шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






