Бандари Антверпен аз сабаби таҳдиди таркиш кӯчонида шуд
Душанбе, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»). Дар бандари Антверпени Белгия таҳдиди таркиш эълон шуд. Пас аз расидани хабаре, ки гӯё дар бандар маводи тарканда гузошта шуда бошад, тақрибан садҳо кормандони яке аз корхонаҳои логистикӣ ва инчунин ду иншооти саноатии наздик ба майдони ҳодисаи эҳтимолии фавқулода кӯчонида шуданд.
Бино ба иттилои «РИА Новости», кормандони пулис маводи таркандаро ҷустуҷӯ доранд.
Дар Аврупо пас аз ҳамлаҳои террористии Париж ба ҳама гуна таҳдиди террористӣ хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд.
Силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар Париж рӯзи 13 ноябр сурат гирифт. Он вақт ҳамлаҳо дар гулгаштҳои Шарон ва Волтер, кӯчаҳои Фонтен-о-Руаю Алибер ва варзишгоҳи «Стад де Франс» ба амал омаданд. Ғайр аз ин, террористон дар толори консертии «Батаклан» одамонро гаравгон гирифтанд. Бар асари ин амалҳои террористӣ 130 нафар ҳалок гашта, наздики 350 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






