Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар
Душанбе, 18.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Боиси хушнудии ин ҷониб аст ба Волоҳазрат самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниётро ба муносибати Иди миллии Давлати Қатар ирсол намоям. Аз Худованди таъоло ба Шумо сиҳатмандиву хушнудӣ ва ба кишвари дӯст ҷиҳати пешрафту шукуфоии беш аз пеш таҳти роҳбарии Шумо комёбиҳо орзумандам.
Боварӣ дорам, ки муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Қатар дар ростои талошҳои муштарак тавсеа хоҳанд ёфт ва азми самимии ин ҷонибро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ бо Волоҳазрат барои тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, ки ба суди мардумони бародари мо ва тамоми минтақа аст, таъкид менамоям.
Хоҳишмандам дурудҳои самимӣ ва эҳтироми фоиқаи маро қабул намоед».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






