Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито
Душанбе, 23.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Аълоҳазрат,
Бо изҳори хушнудӣ Шумо Аълоҳазрат ва тамоми мардуми дӯсти Японияро ба муносибати солгарди Иди миллии кишвар самимона табрик ва муборакбод менамоям.
Тоҷикистон мисли пешин хоҳони рушду нумӯи кишвари дӯсти Япония ва ҷонибдори таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо омодаем дар оянда низ ҳамкории созанда ва ҳамаҷонибаро ба нафъи ду кишвари дӯст ва бародар тақвият бахшем.
Дар ин рӯзи мубораку фархунда ба Аълоҳазрат тансиҳативу саодат орзу намуда, ба мардуми дӯсти Япония сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам”.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






