Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,
Сарфарозам, ки Шумо ва тамоми мардуми кишварро бо 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик менамоям.
Ба сатҳи муваффақонаи шарикии Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, мехоҳам азмамонро дар мавриди равона кардани тамоми кӯшишҳои зарурӣ барои тавсеаи ҳамаҷониба ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду давлат, ки ба баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳавасмандии ҷонибҳо асос ёфтааст, изҳор намоям.
Муътақидам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем он тавофуқотеро, ки зимни сафари расмии каме қаблии Шумо ба Тоҷикистон ба даст омаданд, дар амал татбиқ намоем ва бо роҳи ҳамкории дуҷониба ба пеш ҳаракат кунем.
Муҳтарам Нурсултон Абишевич, таманниёти самимонаи маро дар мавриди тансиҳатии комил, рафоҳат ва комёбиҳои минбаъда ба Шумо ва ба мардуми бародари Қазоқистон-сулҳу шукуфоӣ қабул фармоед».








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






