Баргузории чорабинӣ бо намояндаи «Ҳаракати ваҳдати миллӣ»
Ваҳдат, 21.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо муовини раиси «Ҳаракати ваҳдати миллӣ» Рудобаи Мукарам вохӯрӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур омӯзгорон, донишҷӯён, хонандагони синфҳои болоӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони шаҳр иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ Рудобаи Мукаррам дар бораи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ суҳбати пурмуҳтаво намуда, ба саволҳои аҳли нишаст посух дод.
Муовини раиси шаҳр Фарзона Хоҷаева дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият дар шаҳри Ваҳдат, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Зарина Одинаева доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, маърифати ҳуқуқии занон ва пойдории оилаҳои ҷавон сухан гуфтанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






