Беш аз 633 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба хориҷа сафар намуд
Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар 11 моҳи соли равон аз ҳудуди ҷумҳурӣ 633 ҳазору 469 шаҳрванд ба хориҷа сафар намуданд. Рафти умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар 11 моҳи соли 2015 — 533 882 нафар ба қайд гирифта шудааст. Аз инҳо 471 612 мард ва 62 270 зан мебошанд. Дар ин муддат ба Федератсияи Русия 523 523 нафар сафар намуданд, ки ин нишондод соли гузашта 620 057 (-96 534) нафар буд. Аз ин шумора 464 633 нафар мардон ва 58 890 нафар занон буданд.
Ба Ҷумҳурии Қазоқистон аз аввали сол то моҳи ноябр 10 356 шаҳрванди Тоҷикистон сафар намуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 177 нафар зиёд мебошад.
Дар 11 моҳи соли равон аз хориҷа ба Тоҷикистон 430 803 шаҳрванди ҷумҳурӣ баргаштанд, ки ин нишондиҳанда аз ҳамин давраи соли гузашта 10 1840 нафар камтар мебошад. Дар ин давра аз муҳоҷирати меҳнатӣ 360 186 нафар баргашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 648 нафар камтар мебошад.
Дар 11 моҳи соли 2015 аз ҳудуди Федератсияи Русия ба кишвар 348 811 муҳоҷири меҳнатӣ баргашт, ки нисбат ба соли 2014 -34037 камтар мебошад.
Аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар 11 моҳи соли равон 11 375 муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргаштааст, ки ин нишондиҳанда соли гузашта 5 556 нафар ба қайд гирифта шуда буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






