БМТ:Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 муҳокима гардиданд
Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи Барномаи дастгирии буҷет, андешидани чораҳо дар самти солимгардонии бонкҳо масъалаи дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 177 Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо ва Тартиби татбиқи ҷораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ ба ташкилоти қарзӣ имрӯз, 23 декабри соли ҷорӣ муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбарон ва сардорони сохторҳои марбутаи қарздиҳии бонкҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин намояндаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Дамодаран Кришнамуртӣ иштирок намуд ва бо муаррифии муфассал оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №177 дар назди роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои кишвар сухан гуфт. Тавре ки намояндаи Бонки ҷаҳонӣ зимни пешниҳоди муаррифии худ иброз дошт, тағйиру иловаҳои номбурда асосан тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллии низоми бонкӣ таҳия шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани шаклу усулҳои қарздиҳӣ, ташкил ва истифодаи дурусти захираҳо, фонди пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо равона гардидаанд.
Дар ҷараёни муҳокимаи баъзе бандҳои лоиҳаи тағйиру иловаҳо, аз ҷумла оид ба гурӯҳбандӣ ва таснифоти намудҳои қарзҳо, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда миёни иштирокдорони ҷаласа ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ саволу ҷавоб баргузор гардид ва ҷонибҳои андешаҳои худро баён намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






