Боздиди Р. Раҳимзода аз қисми низомии 5453
Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар)- Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми низомии 5453-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ рафта, бо шароити хизмати сарбозону афсарони қисми низомӣ ва вазъи корҳои омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид вазири корҳои дохилӣ аз шароити нигоҳдории маводи хӯрокиву сӯзишворӣ, ҳолати ошхона, низоми гармидиҳӣ, шароити қисми тиббӣ, ҳамчунин аз ҷараёни сохтмони бинои алоҳидаи «Хонаи қаровулӣ»-и қисми низомии мазкур дидан намуд.
Вазири корҳои дохилӣ барои сари вақт бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани шароити хизмат ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Рамазон Раҳимзода бо сарбозону афсарони қисми низомии 5453 вохӯрда, онҳоро ба ватандӯстию ифтихори миллӣ ва иҷрои софдилонаю содиқонаи вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






