Боздиди Р. Раҳимзода аз ноҳияи Рӯшон
Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар) — Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯшон сафар намуда, аз ҷараёни хизматбарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, ки барои осебдидагон аз зилзилаи минтақаи Бартанги ноҳияи мазкур хизмат мекунанд, дидан намуд. Ҳайати шахсӣ бо 10 мошини хизматии боркаш ва мусофиркаш таъмин гардида, шароити моддиву маишӣ, маводи хӯрокию ғизоӣ ва шароити зиндагонии онҳо фароҳам оварда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки 10 мошини боркашу мусофиркаш дар минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон барои расонидани молҳои ниёзи мардум ба осебдидагони офати табиӣ хизмат расонида истодаанд.
нчунин баҳри хизматбарӣ ва ҳамкорӣ бо мардум ба Шуъбачаи минтақавии ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшон 1 мошини нави хизматии «Нива» вобаста карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






