Боздошт барои ғайриқонунӣ буридани дарахт
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 51-солаи ноҳияи Ғончиро бо гумони ғайриқонунӣ буридани дарахт дастгир намуданд.
Бино ба итиилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ муайян карда шуд, ки номбурда 1 декабр ғайриқонунӣ аз мавзеи “Мирамар”-и кӯҳсори деҳаи Овчӣ 11 дарахти арчаро бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор бурида, ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ба маблағи 3 ҳазору 680 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Ҳамчунин дар ин рӯз зимни чорабиниҳои дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 43-солаи ноҳияи Ғончиро бо гумони ғайриқонунӣ буридани дарахт дастгир карданд, ки номбурда аз мавзеи “Шабири калон”-и кӯҳсори деҳаи Овчӣ 17 дарахти арчаро бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор бурида, ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия ба маблағи 3 ҳазору 920 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






