Бозгашти шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон ба Ватан
Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). – Бо мусоидати Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва кормандони қабулгоҳи ноболиғони Хадамоти эҳтиётии ВКД Тоҷикистон чор нафар шаҳрвандони ноболиғи кишвар ба Ватан фиристода шуданд. Ин кӯдакони ноболиғро модаронашон баъди таваллуд дар таваллудхонаҳои Федератсияи Русия партофта рафтанд.
Мувофиқи паймони ҷонибҳо кормандони мақомоти салоҳиятдори кишвари будубош кӯдакони ноболиғ Я.Қуҷқоров, К.Муродбеков, З.Норматов ва А.Ҳотамовро ба Хадамоти консулии сафорат оварда, баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба қабулгоҳи ноболиғони Хадамоти эҳтиётии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.
Кӯдакон мутобиқи талабҳои Конвенсияи Кишинёв дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мавриди баргардонидани ноболиғони кишвар ба ҷойи доимии сукунат ба Тоҷикистон фиристода шуданд.
Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти консулии сафорати ҶТ дар ФР Ашраф Гулов, масъалаи ба Ватан фиристодани боз як шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Асроров мавриди баррасӣ қарор дошта, масъалаи бозгашти вай ба Ватан рӯзҳои наздиктарин ҳал карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






