Бунёди 70 иншооти хурдубузург дар Кӯлоб
Кӯлоб, 31.12.2015 (АМИТ «Ховар») -Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайравӣ аз ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб соҳибкорон барои пешрафти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши муассир доранд. Дар идомаи ҳамин амалҳои накӯи бунёдкорӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб бо икдоми наҷибонаи соҳибкорзан Санавбар Холова бинои муосири кории хизматрасонӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуд. Соли 2015 бо мусоидати соҳибкорони ватандўст дар шаҳр беш аз 70 иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор гирифт, ки аз рӯи лоиҳа ва ҳашамат беҳамтоянд. Дар аввали соли 2016 сохтмони меҳмонхона низ ба итмом расида. боз чанд нафар сокинони бешуғл бо кор таъмин мешаванд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






