Бунёди коргоҳи истехсоли аробачаи маъюбӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2016 дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бунёди коргоҳи истеҳсоли аробачаи маъюбӣ дар назар аст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят иттилоъ доданд, бо назардошти талаботи зиёди шахсони ба ҳаракати мустақил имконияташон маҳдудбуда, яъне маъюбони роҳнараванда ва ҳамзамон шахсони ба дасту пои сунъӣ заруратдошта, дар моҳи апрел соли 2016 тасмим аст бо ибтикори ташкилоти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон ва бахши суғдии он, бо ҳамдастии мақомоти вилояти Суғд ва маблағгузории ширкати чинӣ дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи 80 ҳазор доллари амрикоӣ коргоҳи протезӣ-артопедӣ ва аробачаи маъюбисозӣ бунёд хоҳад шуд. Коргоҳи мазкур ғайр аз сохтани аробачаҳои маъюбӣ, ба таъмиру фурӯши кисмҳои эҳтиётии он ва сохтану шинонидани даступои сунъӣ низ машғул хоҳад шуд.
Дар вилоят наздик ба 80 маъюб барои шинонидани дасту пои сунъӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳоло дар вилоят беш аз 56 ҳазор маъюб дар қайди расмӣ буда, 15 500 нафараш маъюби гурӯҳи 1 ва 3 ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба чунин шахсони имконияташон маҳдуд беш аз 100 аробача такдим мешавад.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур як навиди хушест барои маъюбону шахсони имконияташон маҳдуд дар рӯзи байналхалқии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






