Бунёди мактаби нав дар Шӯрообод
Шӯрообод, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Шӯрообод сохтмони мактаби замонавӣ барои 380 хонанда бо маблағгузории Бонки рушди Арабистони Саудӣ оғоз гардид. Бино ба иттилои сардори қитъаи сохтмонӣ Ғуломалӣ Боев бинои мактаб аз ду ошёна ва 64 синфхона иборат буда, инчунин дар дохили бино сохтмони ошхона, толори варзишӣ, утоқи истироҳатии мактаббачагон, хонаи омӯзгорон ва синфҳои компютерӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳолати пурра анҷом ёфтани бино аз 200 то 250 нафар сохтмончӣ бо ҷои кор таъмин мешаванд. Маблағи умумии сохтмони мактаб 1 млн. 500 доллари амрикоиро дар бар гирифта, масъулини сохтмон тасмим гирифтаанд то моҳи сентябри соли 2017 мактаби мазкурро бо сифати баланд ба истифода диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






