Чкалов: Вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯён
Чкалов, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -10- уми декабр мулоқоти раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода бо донишҷӯёни шаҳри Чкалов, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои мухталифи маркази вилоят таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Раиси шаҳри Чкалов Рухсора Давлатзода иброз дошт, ки боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки ин мулоқот дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» қабул гардид ва мутобиқи қонуни мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман Пешвои миллат эълон шуд.
Ҳамзамон раиси шаҳр гуфт, ки зиёда аз 511 донишҷӯ аз шаҳри Чкалов дар муассисаҳои олӣ, миёна ва касбии қаламрави вилоят таълим гирифта истодаанд, ки аз инҳо 17 нафар аз тариқи квотаи президентӣ мехонанд. Соли хониши равон аз 395 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр 174 нафараш аз тариқи Маркази миллии тестӣ, 17 нафар аз тариқи квотаи президентӣ, 96 нафар ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ва 32 нафараш ба коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






