Чорабинӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ дар Хуҷанд
Суғд, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар») -Дар Маркази таълимии «Ҳаёти нав»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии омӯзишӣ оид ба пешгирии амали номатлуби нашъамандӣ бо иштироки масъулони соҳа ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур масъалаи пешгирии сӯистифода аз истеъмоли маводи нашъадор мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуд. Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистифода аз истеъмоли маводи нашъадор, гурӯҳи ҷамъиятии ташаббускор, ҳамчунин сардори бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Бахтиёр Исматҷонов, раиси Шӯрои занони шаҳр Муҳайё Дадобоева, котиби масъули комиссияи кор бо ноболиғони назди МИҲД -и шаҳр Мадина Салимова ва дигарон фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба кам намудани сафи нашъамандон, хусусан пешгирии пайвастани ҷавонон ба сафи ин тоифа баён намуданд. Зикр гардид, ки дар қаламрави шаҳр 6 гурӯҳи ташаббускори ҷавонон оид ба пешгирӣ намудани нашъамандӣ амал мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






