Чорабинии фарҳангӣ ба муносибати Соли оила
Хуҷанд, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -24-уми декабр дар Қасри Арбоб бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ, ки ба муносибати Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо, идомаи соли роҳҳои обод баргузор шуд, муовинони раиси вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят, шӯрои фаъолзанони вилоят, кормандони соҳаҳои гуногун, ғолибони озмунҳо ва оилаҳои намунавӣ ширкат варзиданд.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ аз нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти самтҳои мухталифи хоҷагии халқ ёдоварӣ намуда, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро иқдоми наҷиб арзёбӣ кард ва ҳамчунин дар идомаи суҳбат доир ба Соли оила андешаронӣ намуда, таъкид дошт, ки эълон гардидани соли 2015 ҳамчун Соли оила тавонист дар паст кардани сатҳи никоҳи хешутаборӣ, пойдории оилаҳои ҷавон ва тарбияву ба камол расонидани оилаҳои намунавӣ заминаи хубро ба вуҷуд орад.
Зикр гардид, ки танҳо дар самти рушди ҳунару анъанаҳои миллии ниёгон дар соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 130 марказҳои ҳунаромӯзӣ фаъол гардонида шуд, ки дар он 370 дастгоҳҳои қолинбофӣ насб гардиданд. Ҳоло танҳо дар марказҳои қолинбофӣ 170 нафар занони хонашин бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд ва онҳо дар баробари идомаи ҳунари қолинбофӣ ба 1000 нафар шогирдони худ нозукиҳои ин ҳунари аҷдодиро меомӯзонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






