Чорабинии идона дар қисми ҳарбии 02267
Исфара, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар арафаи Соли нави мелодии 2016 ба хотири муборакбодии сарбозону афсарон ба қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳри Исфара амалкунанда рафт.
Мавсуф дар қисми ҳарбии 02267 ҳамзамон бо баёни табрикоти идона ба сарбозони шуҷову муваффақ туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Тамошои машқҳои тамринии сарбозон, ки баёнгари чусту чолокӣ, шуҷоату нерумандии ҳомиёни Ватан буд, ба ҷамъомади солинавӣ ҳусни тоза бахшид.
Шаҳрдори Исфара ҳамзамон бо шароити зиндагӣ ва фароғатии ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур аз наздик шинос гашт.
Дар ин рӯз дар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Исфара барои сарбозон дастурхони пурфайзи солинавӣ ороста шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






