Чорабинии муфид дар доираи иқдоми “16 рӯз — бар зидди хушунат”
Спитамен, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи иқдоми “16 рӯз — бар зидди хушунат” дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар чорабиниҳои мухталиф бо иштироки шахсони масъули мақомоти маҳаллӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ бо аҳолӣ мулоқот доир гардиданд 2 декабр дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Спитамен бо иштироки зиёда аз сад донишҷӯю фаъолзан, намояндагони ташкилоту идораҳо мулоқоти муфид дар доираи иқдоми мазкур таҳти шиори «Оила — макони меҳру муҳаббат» баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ масъулин аз бахши кор бо занон, ташкилоти ҷамъиятӣ ва занони фаъоли ноҳия оид ба оиладорӣ, пойдории он, эҳтироми зан ва мард нисбат ба якдигар, бобати сарзании хушунат, оқибатҳо ва пешгирии он сухан гуфта, хосатан ҷавонон ва навхонадоронро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят карда, барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва сайқал додани донишашон ба онҳо маслиҳатҳои муфид доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






