Данғара: кўдакони 5-6 сола ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудаанд
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Данғара 3 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 479 нафар кўдак дар 19 гурўҳ ва 19 мураббия ба тарбият ва парвариши онҳо машғул мебошанд.
Марказҳои инкишофи кўдакон низ дар ноҳия амал мекунанд, ки дар назди 47 муассисаи таълимӣ дар 47 гурўҳ бо фарогирии 1166 нафар кўдаки синни томактабӣ таъсис ёфтаанд. Мушкилоти асосии ин самт ҷалби теъдоди ками кўдакон ба шумор меравад. Тибқи ҳисоботи оморӣ то имрўз 1543 кўдаки 6-сола ва 2302 кўдаки 5-сола ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта нашудаанд.
Дар ноҳия 73 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 59 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таълимии Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, 1 Маркази технологияи информатсионӣ, 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият мекунанд. Масъалаи ба равияҳо ҷудо намудани синфҳо то ҷое ҳалли худро ёфта, дар 40 муассисаи таълимӣ 40 синфи равиявӣ, аз ҷумла, 10 синф бо равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 30 синф бо равияи табиӣ-математикӣ бо фарогирии 1150 хонанда таъсис дода шудааст, ки дар муқоиса бо теъдоди хонандагон ва миқдори синфҳо хеле кам аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






