Дар ҷараёни амалиёти охирин дар Афғонистон 43 силоҳбадаст кушта шуд
Душанбе, 22.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Қувваҳои амниятии Афғонистон амалиётро барои нест намудани силоҳбадастон дар вилоятҳои ноороми кишвар вусъат бахшида, дар ҷараёни муҳорибаҳои охирин 43 нафар ҷангиёнро нест намуданд. Назар ба иттилои Синхуа, Вазорати мудофиаи Афғонистон рӯзи душанбе дар ин бора хабар додааст.
«Артиш, пулис ва кормандони иктишофоти Афғонистон тайи 24 соати охир дар ҳашт вилоят амалиёти поккориро роҳандозӣ намуда, 43 силоҳбадасти мусаллаҳро нест, якчанд нафари онҳоро захмӣ ва 9 нафарашонро дастгир намуданд», — гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Дар ҷараёни амалиёт чор нафар хидматчиёни ҳарбии Афғонистон низ ҳалок гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






