Дар натиҷаи заминларза 212 сар чорво ҳалок шуд
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Мувофиқи маълумоти ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Бадахшон, аз тарафи комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, вазъият дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои аз заминларза зарардида, то соати 16:00 -и рўзи 13 декабри соли 2015 дар шаҳри Хоруғ 11 хонаи истиқоматӣ, 1 донишгоҳ, 3 муасисаи таълимӣ, 2 кўдакистон, 1 бинои маданию маишӣ ва 1 бинои маъмурӣ қисман зарар дидааст.
Маблағи умумии зарар дар шаҳри Хоруғ 263 ҳазору 493 сомониро ташкил дод.
Дар ноҳияи Шуғнон мувофиқи маълумот 28 хона пурра ва 189 хона қисман зарар дидаанд. Инчунин 15 мактаб (аз ҷумла 1 адад пурра), 2 хонаи фарҳанг, 1 маркази саломатӣ, 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 мағоза қисман ва бинои фермаи чорводории мавзеи Гармчашма пурра зарар дидаанд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов, дар ноҳияи Дарвоз мувофиқи маълумот 3 хонаи истиқоматӣ ва 1 бинои хонаи фарҳанг қисман зарар дидаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ 2 хона пурра ва 27 хона қисман зарар дидаанд.
Дар ҳудуди ноҳияи Рўшон мувофиқи маълумот 128 хона пурра ва 337 хона қисман зарар дидаанд. Инчунин 5 бинои мактаб (аз ҷумла 1 пурра), 3 хонаи фарҳанг, 1 неругоҳи барқии хурд, 1 китобхона пурра ва 2 китобхона қисман, 3 маркази саломатӣ (аз ҷумла 1 адад пурра), 1 бунгоҳи тиббӣ ва 1 бинои маҷлисгоҳ қисман зарар дидаанд.
О. Нозимов илова намуд, ки дар натиҷаи заминларза 212 сар чорво ҳалок шудааст.
Маълумот метавонанд бо гузашти вақт дигаргун шаванд, чунки гурўҳҳои кории таъсисдодаи мақомот ба баъзе ҷойҳои аз офат зарардида нав расида истодаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






