Дар Нигерия бар асари ҳамлаи террористӣ 30 нафар ҳалок шуда, 65 тани дигар ҷароҳат бардошт
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз дар қисмати шимолу шарқии Нигерия дар маркази маъмурии иёлати Борно дар масҷиде бо истифода аз маводи тарканда ҳамлаи террористӣ ба амал омад, ки дар натиҷа 30 нафар ҳалок шуда, 65 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Полиси иёлати Борно ин маълумотро тасдиқ кард. Ба гуфтаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таҷҳизоти тарканда дар дохили масҷид гузошта шуда буд. Фавтидагону осебдидагони ҳамлаи террористӣ ба беморхонаи наздиктарин бурда шуданд. Ба гуфтаи табибон, аллакай ҷасади 30 нафар ҳалокшуда ва 65 нафар маҷрӯҳро овардаанд.
То ин дам ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои террористӣ масъулияти ин амали мудҳишро бар дӯш нагирифтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






