Дар соли нав бо нур
Душанбе, 31.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни соли нав бо истифода аз тамоми захираҳои имконпазир, ШСХК «Барқи Тоҷик» реҷаи маҳдудияти интиқоли неруи барқро аз соати 5.00-и 31 декабри соли 2015 то соати 22.00-и 1 январи соли 2016 бе истисно барои ҳамаи истеъмолкунандагон барҳам медиҳад.
ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамаро бо фарорасии соли Нави 2016 табрик карда, аз ҳамаи истеъмолкунандагон хоҳиш мекунад барқро самаранок истифода баранд ва ҳамчунин пардохти саривақтии неруи барқро ба роҳ монанд.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои ид дар ШСХК«Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ тамоми соат кор хоҳанд кард.
2 январ қувваи барқ дар ноҳияҳо аз рӯи ҷадвали пештар қабулшуда интиқол дода хоҳад шуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






