Дар таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳои фурудгоҳи Истанбул таркиш рух дод
Душанбе, 23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи таркише, ки дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии ба номи Сабиҳ Гекчени шаҳри Истанбули Туркия рух дод, на кам аз ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора имрӯз, 23-юми декабр агентии «Reuters» иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти бадастомада, ин ҳодиса соати 02:05 ба вақти маҳаллӣ дар таваққуфгоҳи ҳавопаймоҳо рух дод, ки дар натиҷа ду нафар фаррош осеб диданд. Сабаби таркиш муайян шуда истодааст. Фурудгоҳ ба таври маъмулӣ фаъолияташро идома медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






