Дар Тоҷикистон беҳсозии роҳҳои нақлиёт идома дорад

Декабрь 30, 2015 15:20

Душанбе, 30.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Дар вохӯрии вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалзода бо намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (АБҲҶ) бо роҳбарии Шунтаро Каваҳара лоиҳаи «Беҳсозии роҳҳои нақлиёт» баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар, барномаи мазкур бо дастгирии молиявии Ҷопон, ки 13,2 млн долларро дар бар мегирад, маблағгузорӣ мегардад. 118 адад техника ва таҷҳизот барои сохтмони роҳҳои нақлиётгарди ноҳияҳои Ҳисор ва Қурғонтеппа пешбинӣ шудааст. Инчунин дар доираи лоиҳа ба коршиносони маҳаллии соҳаи хоҷагии роҳ тарзи истифодаи таҷҳизот ва техникаи муосир омӯзонида мешаванд.
Ш. Қавҳара зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур, ки соли 2013 оғоз шуд ва моҳи июли соли 2016 анҷом хоҳад ёфт, аз тарафи мутахассисони Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (АБҲҶ) баҳогузорӣ хоҳад гашт.
Шералӣ Гаҷалзода ба пешрафти лоиҳа баҳои мусбат дода, зикр кард, ки аҳолӣ аз вазъи роҳҳои нав сохташуда қаноатмандӣ изҳор мекунанд.
«Воридоти техника ва таҷҳизот ба зиммаи пудратчии лоиҳа — ширкати ҷопонии «Иточу» гузошта шудааст, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Декабрь 30, 2015 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд