Дар ВКД 53 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар ).- «Дар давоми 10 моҳи соли 2015 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бевосита аз ҷониби кормандони вазорат содир шудаанд”,- зикр намуд муовини сардори раёсати якуми Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шодком, имрӯз зимни вохӯрӣ бо кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба гуфти Турсунзода Шодком, як корманди вазорат дар шаҳри Ваҳдат барои ришваситонӣ ба маблағи беш аз 10 ҳазор доллари ИМА ва як телефони мобилӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд.
Мақсад аз вохӯрӣ огоҳ намудани кормандони сохторҳо ва кам кардани ҳолатҳои коррупсионӣ буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






