Даргузашти Шарофиддин Сайфиддинов
Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Cубҳи имрӯз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ Шарофиддин Сайфиддинов дар синни 86 аз олам даргузашт.
Шарофиддин Сайфиддинов соли 1929 таваллуд шуда, хатмкардаи Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав мебошад.
Ӯ муаллифи аввалин операи тоҷикӣ бо номи «Пӯлод ва Гулрӯ» аз рӯи романи Раҳим Ҷалил бар матни Файзулло Ансорӣ буда, операи «Рӯдакӣ» ва «Садриддин Айнӣ» низ аз асарҳои маъруфи ин композитори тоҷиканд.
Ёдовар мешавем, ки Шарофиддин Сайфиддинов аз соли 1961 то соли 1986 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъолият кардааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






