Дастгир гардидани нашъаҷаллоб дар ноҳияи Рӯшон
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19 декабри соли равон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар дидбонгоҳи доимии кӯпруки Бартанги ноҳияи Рӯшон, мошини тамғаи “Ландкрузер”, таҳти идораи ронанда, сокини 42-солаи шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Дар вақти азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили борхалтаи мусофири он, сокини 41-солаи шаҳри Норак 1 килою 210 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Истаравшан кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 50-солаи ноҳияи Вахшро бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 950 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






