Дастгир шудани 11 узви гурўҳи ДОИШ дар вилояти Нангарҳор

Декабрь 15, 2015 12:25

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бино бар иттилои Вазорати дифои Афғонистон, дар вилояти Нангарҳори ин кишвар 4 узви дохилии гурўҳи террористии ДОИШ ва ҳашт аъзои хориҷии ин гурўҳ дастгир шуданд.
Дар иттилоияе, ки дафтари матбуотии ин вазорат нашр кард, аз ҷумла чунин омадааст: «Ин афрод рўзи гузашта дар шоҳроҳи Ҷалолобод — Турхам дастгир гардиданд».
Гуфта мешавад, ки чаҳор нафари боздоштшуда шаҳрвандони Афғонистон ва ҳашт нафари дигар шаҳрвандони Покистон ҳастанд. Аз шахсони дастгиршуда маблағи зиёди пулӣ мусодира шудааст. Аъзои ин гурўҳи террористӣ мехостанд ин маблағро ба Муфтӣ Муҳаммад Исмоил, ки яке аз фармондеҳони ДОИШ дар вулусволии Ачин, воқеъ дар вилояти Нангарҳор аст, интиқол диҳанд.
Вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон яке аз минтақаҳоест, ки гурўҳи ДОИШ дар он ба шакли густурда фаъолият дорад.    

 

 

Декабрь 15, 2015 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад