Дастовардҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2015

Декабрь 29, 2015 08:46

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Яке аз дастовардҳои муҳим дар соҳаи такмили сиёсати давлат оид ба  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — ин таҳия ва қабули «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ба ҳисоб меравад, ки комилан ба дастовардҳои давраи гузашта такя намуда, вазифаҳои рушди соҳаро дар даҳ соли оянда муайян мекунад. Стратегияи мазкур ба ҳалли самарабахши мушкилоти мубрами соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронида шудааст. Мақсади асосии стратегия аз таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист иборат мебошад.
Соҳаи ҳифзи солимӣ ва иҷтимоии аҳолӣ  аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, он дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар вобаста ба масъалаҳои тандурустӣ шаҳодат медиҳад.
Фаъолиятҳои амалишаванда оид ба ислоҳоти сохтори идораи тандурустӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, амнияти санитарию эпидемиологӣ, умуман ҳамаи соҳаҳои мухталифи солимии аҳолӣ дар навсозӣ ва ҳамоҳангсозии вазифаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз  ҷумла низоми  тандурустӣ ва ҳамчунин барои тақвиятбахшии вазифаҳои асосии он нигаронида шудаанд. Таҳлили фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар вобаста ба татбиқи ислоҳоти соҳа, дастрас ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла барои вусъат додани татбиқи тибби оилавӣ, дастрасии усулҳои муосири ташхису табобат, рушди тибби хусусӣ нишон медиҳанд, ки дар солҳои 2015 низ  корҳои зиёди натиҷабахш ба анҷом расонида шудаанд. Мавриди зикр аст, ки дар масъалаҳои таҳияи заминаи меъёрии ҳуқуқии самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла рушди минбаъдаи тибби оилавӣ, ислоҳоти соҳаи маблағгузорӣ, таҷдиди сохторҳои беморхонавӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, рушди захираҳои кадрӣ, соҳаҳои фарматсия ва иттилоотӣ пешрафти кор ба назар мерасад.
Самти муҳими соҳаи тандурустӣ — рушди хизматрасониҳои тиббӣ бо назардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат мебошад. Ҳадаф аз ин кам кардани шумораи беморони барои табобат ба хориҷи ҷумҳурӣ фиристодашаванда мебошад, ки ин дар навбати худ ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат мерасонад.
Барои беҳтар намудани дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолии манотиқи дурдасти кишвар, бо ҷалби сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустӣ, кормандони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, устодони баландпояи муассисаҳои олии таълимии тиббии ҷумҳуриявӣ «Корвони саломатӣ»  ташкил шуда, соли 2015 низ  ба тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар гардид.
Дар соли 2015 дар муассисаҳои тиббии мамлакат усулҳои муосири ташхису табобатро амалӣ намуданд, аз ҷумла  пайвандсозии гурда ва ҷигар, амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, эндовидеоҷарроҳӣ дар сутунмўҳра, иваз намудани буғум ва дигар амалиёти мураккаб ба роҳ монда шуд.
Баҳри беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таваллудӣ ва кўдакона дар ҷумҳурӣ бо таҷҳизоти тиббӣ (маҷмўъҳои акушерӣ, маҷмўи таҷҳизот барои эҳёгарӣ, генератори оксигенӣ, матрасҳои барқӣ, ларингоскопҳо ва сўзандоруҳои шабпаракҳо) бо дастгирии шарикон таъмин гардиданд.
Як силсила таваллудхонаҳои сатҳи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ таъмиру барқарор гардида, бо таҷҳизоти муосири ҳозиразамони тиббӣ ҷиҳозонида шуданд. Дар ин самт саҳми Бонки рушди Олмон ва Бонки саудии рушд ниҳоят калон мебошад.
Бояд гуфт, ки моҳи декабри соли 2015 дар Душанбе натиҷаҳои фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар доираи амалисозии “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2010-2020”   Шарҳи якҷояи соли панҷум ва миёнамуҳлати татбиқи стратегияи мазкур (САММИТ — 5) ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинӣ дастовардҳо ва мушкилоти соҳаи тандурустӣ, роҳҳои беҳтар гардонидани хизматрасониҳои тиббӣ, таҷдид ва такмили беморхонаҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардиданд.
Инчунин дар мохи охири соли 2015 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шуъбаи нави ҷарроҳии ҷоғу рӯй иборат аз ду бахш кушода шуд.

Декабрь 29, 2015 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Балҷувон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрии судманд доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳокима карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Зарангаки ноҳияи Рашт шинос шуд
Нақши занон дар мақомоти олии қонунгузории Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назаррас аст
Бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Тоҷикистон 5254 муассисаи тиббӣ фаъолият менамояд
Дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ доир гардид
Дар ноҳияи Айнӣ оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе фаъолияти лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» ғолибон муайян гардиданд