Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид

Февраль 19, 2026 18:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуданд, ки ин ба беҳтар гардидани шароити моддию техникӣ ва сифати таълим мусоидат намуд.

Тавре дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ изҳор дошт,  «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2025 «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2026–2030»-ро қабул кард. Ҳадаф аз ин барнома ҳалли мушкилоти асосии соҳаи таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла навсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъмир ва сохтмони биноҳо, устохонаҳо ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устоҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, рақамикунонии соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фарогирии бештари ҷавонон ба касбомӯзӣ мебошад».

Бо мақсади идомаи сохтмони иншооти нотамоми дар тавозуни кумита қарордошта аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои сохтмони асосӣ ба андозаи 5 миллиону 850 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Ин маблағҳо барои идомаи сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар ноҳияҳои Фархор, Муъминобод, Балҷувон, Рашт ва Ванҷ дар соли 2025 ва идомаи корҳои сохтмонӣ дар соли 2026 пешбинӣ шудаанд.

«Соли 2025 аз ҳисоби Лоиҳаи кумаки Иттиҳоди Аврупо корҳои таъмиру барқарорсозии биноҳои 16 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба анҷом расид. Ҳамзамон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмон ва таҷдиди бинои 9 муассисаи соҳавӣ, аз ҷумла Маркази таҳсилоти омӯзиши касбӣ дар ноҳияҳои Темурмалик, Панҷ, Фархор, Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии ноҳияи Зафаробод ба нақша гирифта шудааст»,-гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Ҳамзамон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи сохтмони бинои Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод ва Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар идома дошта, лоиҳакашии бинои Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон соли 2025 таъмири асосии Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Вахш ба анҷом расида, ин биноҳо бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки бо мақсади рушди базаи моддию техникӣ ва таъмини шароити мусоиди таълимӣ лоиҳаҳои кории сохтмони биноҳои иловагӣ барои Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе (6 ошёна бо таҳхона) ва Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе ба анҷом расида, лоиҳакашии бинои Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ва бинои нави Литсейи касбии техникии ноҳияи Деваштич идома дорад.

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон устохонаи Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо тамоми таҷҳизот, навбати аввали бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Рашт иборат аз 2 ошёна ва 10 синфхонаву устохона, инчунин бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Фархор, иборат аз 2 ошёна ва таҳхона бо 12 синфхона ва устохона ба истифода дода мешаванд».

Ҳамзамон соли 2026 сохтмони бинои комплекси Литсейи касбии техникии ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод ва Фархор идома ёфта, ҳамчунин ошёнаи дуюми бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Ванҷ сохта мешавад.

«Ғайр аз ин, бомпӯши Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова пурра иваз карда шуда, хобгоҳҳо ва биноҳои таълимии коллеҷҳои омӯзгории шаҳрҳои Ҳисор, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Зафаробод пурра аз таъмир бароварда мешаванд.

Бинои хобгоҳи Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳристон пурра таъмир карда шуда, ба бинои таълимии ин муассиса хати гармидиҳӣ гузаронида мешавад. Ин ҳама шароити таълим ва зиндагии хонандагонро боз ҳам беҳтар мегардонад»,-илова намуд Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
«РУШДИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон андозаи нафақаҳо беш аз 20 маротиба индексатсия карда шуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
Аз 1 сентябр маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад