Дастовард ва муаммоҳои рушди молияи иқтисодиёти миллӣ
Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти молия таҳти унвони «Дастовардҳо ва муаммоҳои рушди бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар шароити муосир» мизи мудаввар доир гардид.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода тамоми кормандони соҳаи молияро ба муносибати иди касбиашон муборакбод гуфта, зикр кард, ки дар замони муосир, махсусан дар шароити иқтисоди бозорӣ бе молия ва умуман соҳаҳое, ки ба маблағгузорӣ алоқамандӣ доранд, рушди иқтисоди ягон кишварро тасаввур карда намешавад. Ҳатто бӯҳрони молиявии ҷаҳоние, ки сар задааст, таъсири худро ҳатман ба истеҳсолот, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт расонидааст. Аз ин лиҳоз, аз кормандони соҳаи молия ва дигар мақомоте, ки бевосита дар соҳаҳои мухталифи молия фаъолият мебаранд, рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҳар як кишвар вобастагии зиёд дорад.
Мушовири раиси Бонки миллии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Ташрифов табрикоти раёсати Бонки миллии Тоҷикистонро бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти молия расонида, иброз дошт, ки кишвари мо аз ҷиҳати сиёсати пулӣ дар миёни давлатҳои рӯ ба тараққӣ дар як сатҳи муайян қарор дорад. Бонки миллӣ вазифадор аст дар бозори муомилоти пулӣ қурби асъорро дар сатҳи муайян нигоҳ дошта, барои паст намудани сатҳи таварруми пули миллиамон, яъне сомонӣ тадбирҳои муассир андешад. Тавре ки аз мушоҳидаҳо аён аст, на танҳо дар кишвари мо, ҳамчунин дар кишварҳои Аврупо ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ низ сатҳи баланди таваррум нисбат ба асъори миллиашон ба назар мерасад.
Инчунин дар ҷамъомад мудири кафедраи молия ва муомилоти пулӣ Шаъбон Нуров дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва масъалаҳои беҳтарнамоии сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои бахши молия» маърӯза намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






