ДМТ: Сифати моддиву техникии расонаҳо бояд баланд бардошта шавад
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-5- уми декабр дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Матбуоти даврӣ ва журналистикаи чандрасонаӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор мегардад.
Дар конфронси мазкур ректори Донишгоҳи миллӣ Имомзода Маҳмадюсуф маърӯза мекунад. Ҳамчунин аз тарафи профессори донишгоҳ Муқим Муқимов дар мавзӯи «Мушкилоти рушди журналистикаи чандрасонаӣ дар Тоҷикистон», мудири кафедраи матбуоти факултаи журналистика, профессор Мурод Муродов доир ба масъалаи «Проблемаҳои таълими касбӣ дар шароити шаклгирии журналистикаи чандрасонаӣ», магистри Донишгоҳи миллӣ Анҷум Маҳмуд Аҳмад оид ба «Рушди журналистикаи чандрасонаӣ дар Ҷумҳурии исломии Покистон» маърӯзаҳо хонда мешаванд ва дигар устодону донишҷӯёни факулта низ оид ба паҳлӯҳои гуногуни журналистикаи чандрасонаӣ сухан мегӯянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






