Дуздии маводи хӯрокию ороишӣ аз «Пайкар»

Декабрь 21, 2015 10:33

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19 декабри соли равон тахминан соати 12:15  шахси номаълум бо тариқи озод ба мағозаи “Пайкар”, ки ба сокини 28-солаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо маводи хӯрокӣ ва маводи ороишии гуногун, ҷамъ ба маблағи умумии 2133-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумон дар содир намудани ҷинояти мазкур, зани 35-солаи сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд. Далелҳои шайъӣ гирифта шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида шуда, тафтиш идома дорад.

Декабрь 21, 2015 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш