Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик адолат, саодат ва ваҳдат овард
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар). -Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров вобаста ба қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» изҳор кард: “Файласуфи бузург Арасту гуфтааст: ”Бунёди давлате, ки дар он инсонҳо зиндагӣ мекунанд ва зиндагонии хушбахтонаро аз сар мегузаронанд, кори саҳлу осон нест”. Бунёди давлати одил ҳам кори саҳлу осон нест. Нобиғаҳои бузурги ҳазорсолаҳои гузашта бо андешаҳои хирадмандонаву равшанзамиронаи хеш афкори тамаддуни дунёро бою ғанӣ гардонида, ҳамеша дар орзуи бунёди давлати одил будаанд. Миллатҳои гуногуннажоду мухталифмазҳаб дар роҳҳои мураккабу пурпечутоби тӯлонии таърихӣ дар саҳифаҳои таърихи башарият номи фарзандони баруманди худро нақшбандӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ҳамчунин фарзандони фарзонаи миллати тоҷик мебошад, ки халқи дар тӯли ҳазорсолаҳо дар шерозаи таърих афтодаро бо хираду заковати худодод аз сари нав ба саҳнаи таърих баргардонид. Эмомалӣ Раҳмон ба миллати мотамзада адолат, саодат ва ваҳдат овард.
Ҳар гаҳе бо чашми хирад ба таърихи имрӯза назар медӯзем, дарк ва эҳсос мекунем, ки барои миллати тоҷик пешвое зарур аст, ки дорои обрӯ, ақлу заковат ва хиради инсонгароёна бошад, дар минтақа ва арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи баланд дошта бошад, то ин ки давлати навини тоҷиконро аз хатару таҳдидҳои мавҷуда ҳимоят карда тавонад. Чунин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Бояд гӯям, ки чунин шахсиятҳои пешво дар Амрико Ҷорҷ Вашингтон, дар Ҳиндустон Ганди, дар Фаронса Шарл де Голл буданд, ки заминаҳои асосии давлату давлатдорӣ ва миллатсозиро гузоштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






