«Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон»-фарогири осори роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Китоби нави сарвари иҷрояи Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) Воҳид Ғаффорӣ ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба равобити хориҷӣ Зафар Сайидзода таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» аз чоп баромад. Ин китоб ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Китоб осори тайи солҳои гузашта дар ҳамкорӣ навиштаи муаллифонро роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад.
Дар ин китоб, аз ҷумла асарҳои «Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба шумо сулҳ меоварам», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва густариши худшиносии миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон», «Пешбару раҳнамои миллат», «Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон», «Истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони модарӣ» ва «Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ» ҷойгир шудаанд.
Маҷмӯа ба хонанда имкон медиҳад, ки дирӯз ва имрӯзи Тоҷикистонро бо ҳам муқоиса кунад ва роҳи тайкардаи кишвар ва дигаргуниҳои куллии дар мамлакат дар давраи пас аз Иҷлосияи таърихии 16-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуқуъ пайвастаро чун оина мушоҳида намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






