Эмомалӣ Раҳмон Президенти пайвандгар аст
Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» бо иштироки кормандон, донишҷӯён, магистрантҳо ва шунавандагони курси такмили ихтисос барои масъулини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ҷамъомади якҷоя баргузор намуд.
Ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Абдулхолиқзода Лутфия ва директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷ. Давлатов дар робита ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» сухан гуфтанд.
Давлатов Ҷ аз ҷумла зикр намуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун бунёдгузори давлати соҳибистиқлол, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ чун як нафар фарзанди бонангу номус, фидокор ва сарсупурдаи ин кишвар мешиносанд ва дӯст медоранд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ хидматҳои Президенти кишварро дар роҳи ободии кишвари азизамон муфассал шарҳ дода, зикр кард, ки Эмомалӣ Раҳмон Президенти пайвандгар аст. Ӯ бо лаёқати сарварии худодод тавонист дар марҳилаҳои ҳассостарини таърихи миллат чун кафили сулҳу субот беш аз як миллион гурезагонро ба Ватан баргардонида, дилҳои мардуми ин сарзаминро ба ҳам пайвандад. Дар солҳои мушкилтарин аркони давлатдории муосири тоҷиконро таҳким бахшид ва ҳамзамон давлати навини Тоҷикистонро ба суннатҳои давлатдории ниёгонамон пайванд дод. Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари дурандешу оқил барои таъмини рушди босуботи кишвар ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳо бунёд карда, минтақаҳои кишварро бо ҳам ва Тоҷикистонро ба ҷаҳон пайваст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






