Файзобод: тақдими хонаи истиқоматӣ ба ду бародари маъюб

Декабрь 24, 2015 11:43

Файзобод, 24.12.2015.  (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз  дар деҳаи Мулотуғмаи  ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи  Файзобод ба ду нафар маъюб- Аҳтам Сироҷов ва Зурабшо Сироҷов,  фарзандони  Муқим Сироҷов хонаи истиқоматӣ  дода шуд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ гуфт, ки шароити зиндагии  маъюбон Аҳтам ва Зурабшо Сироҷовҳо бахусус дар фасли сармо вазнин буда, дар асоси аризаи онҳо ва бо хоҳиши маъюб Аҳтам Сироҷов  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хулосае омад, ки дар замини падарашон аз ҳисоби соҳибкорон, ҷавонон, занҳои фаъол ва бо кумаки ҳукумати ноҳия  хонаи истиқоматии дорои тамоми  шароитро ба истифода диҳанд. Имрӯз дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ  ин хонаи муҷаҳҳаз ба маъюбон супорида шуд. Имрӯз  хурсандии  Аҳтам Сироҷови маъюб ҳадду канор надошт  ва дар назди меҳмонон  минатдории хешро ба Сарвари давлат, раиси ноҳия  ва нафароне, ки дар  сохтани хона саҳм гузоштаанд, изҳор намуд.  
 Модари маъюбон Раҷабмоҳ Сироҷов нақл намуд, ки чор нафар фарзанди  маъюб доштааст, ки дар натиҷаи бемории зиёд ду нафари онҳо аз дунё гузаштаанд ва ин ду нафар бародарон Аҳтам ва Зурабшо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯянд, хусусан дар фасли зимистон берун баромадан барои онҳо мушкил аст. Хушбахтона, барои фарзандони маъюбаш хонаи истиқоматии замонавӣ сохтаанд ва  ин модар минатдории хешро ба Сарвари давлат  ва  шахсони саховатпеша баён намуд.
  Зимни супоридани хонаи истиқоматӣ ба ин нафарони маъюб намояндаи  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амирбекзода Ҳабибулло ба соҳибкороне, ки дар сохтмони хонаи мазкур саҳм гузошта буданд, сипосномаҳо тақдим намуд.

 

Декабрь 24, 2015 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад