«Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим»-озмун оид ба фарҳанги либоспӯшӣ
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Барои баланд бардоштани мафкураи миллии ҷавонон ва тараннуми ҳисси ватандӯстӣ 11 декабр дар толори Ошёни булбулони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба соли оила озмуни дастони моҳир ва фарҳанги либоспўшии ҷавонон зери унвони «Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим» доир мегардад.
Бино ба гуфтаи сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров дар чорабинии мазкур 400 донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳо ва Коллеҷи варзишӣ иштирок менамоянд.
Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур директори китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода ва директори Литсейи дӯзандагии шаҳри Душанде Дилором Ҳусейнова сухан мегӯянд.
Ҳамчунин аз ҷониби хонандагони Литсейи дўзандагии шаҳри Душанде либосҳои миллӣ зимни қироати шеърҳои ватандўстона намоиш дода мешаванд








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






