Фархор: ҳадаф- пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ
Фархор, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Фархор бо иштироки васеи занону духтарони фаъол маҷлиси аъзои шӯрои занон гузаронида шуда, мудири шуъбаи мазкур Фариштамоҳ Абдуллоева дар мавриди ҷалби занон ба корҳои ҷамъиятӣ, роҳандозии вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни аҳолӣ, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, худкушӣ, худсӯзӣ ва дигар ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин доир ба Соли оила эълон шудани соли 2015 ва дар ин замина пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, бемориҳои сирояткунандаи ВИЧ/СПИД, нашъамандию нашъаҷаллобӣ сухан рафт. Таъкид шуд, ки баҳри бартарафсозии ин мушкилот зарур аст, ки ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз ҳам зичтар намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






