Фархор: Ҷаримабандии 350 нафар барои вайрон кардани муҳити зист
Фархор, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор дар давоми соли 2015 521 санҷиш гузаронида, дар натиҷа нисбат ба 350 нафар, ки қоидаҳои амалкунандаи ҳифзи муҳити зистро вайрон намудаанд, санади маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 26 760 сомонӣ ҷаримабандӣ карда, ба буҷаи маҳаллӣ ворид намуданд. Ба қавли сардори бахши мазкур Аҳлиддин Ҳаитов аксари ҷаримашудагон вобаста ба самтҳои ҳифзи ҳаво, об, замин, канданиҳои фоиданок, наботот, ҳайвонот, паррандагон ва дигар амалҳое, ки ба халал расонидани муҳити зист мансубият доранд, равона шудааст. Манбаъ афзуд, барои дар амал тадбиқ намудани қонунҳои табиат, ҳифзи наботот ва ҳайванот масъулин бо соҳаи маориф алоқамандии зич дошта, байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ оид ба мавзуъҳои «Паррандагон- дӯсти одамон», «Об манбаи ҳаёт», «Табиатро ҳифз намоед» ва дигар мавзӯъҳое, ки ба ҳифзи табиат шомиланд, озмун мегузаронанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






