Файзобод: Муассисаи таълимии № 24 ба номи Исмоил Пиров гузошта шуд
Файзобод, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод муассисаи таълимии рақами 24 — и деҳаи Сари сафедхок ба номи Исмоил Пиров гузошта шуд. Шодравон Исмоил Пиров зодаи деҳаи Сари сафедхоки ноҳияи Файзобод буда, хатмкардаи ҳамин таълимгоҳ буд. Пас аз хатми таълимгоҳи мазкур донишҷӯи Донишгоҳи аграрии шаҳри Душанбе гардид. Фаъолияти Исмоил Пиров аз ШБДА-и шаҳри Душанбе оғоз гардида, ӯ то лаҳзаҳои охирини умр пайи хизмати содиқона дар ҳамин ниҳоди кудратӣ фаъолият дошт.
Субҳи 4 сентябри соли 2015 ӯ ҳангоми муқовимат бо гурӯҳҳои хиёнатпешаи А. Назарзода ба ҳалокат расид ва бо фармони Президенти мамлакат пас аз марг бо медали «Ҷасорат» мукофотонида шуд.
Устодону ҳаммактабиён барои пос доштани номи неки ин ҷавонмарди қаҳрамон таклиф намуданд, ки муассисаи таълимӣ ба номи Исмоил Пиров гузошта шавад ва он аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






