Файзобод : Туҳфаҳои солинавӣ ба маъюбону бесаробонон
Файзобод, 31.12.2015 (АМИТ «Ховар»)- Раиси ноҳияи Файзобод Раҷабзода Миралӣ бахшида ба соли нави мелодӣ ба дидори маъюбон, иштирокдорони ҶДҶ ва ятимони ранҷур рафта. ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим кард. Честиякова Надеждаи маъюби бемор аз чунин ғамхориҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шод гашта, дар ҳузури раиси ноҳия минатдории хешро ба Сарвари давлат баён намуд. Инчунин бо супориши раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку муваззаф шуданд, ки ба оилаҳои ятимдор, бесаробон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонда, аз шароити зиндагияшон бохабар шаванд.
Ҳамзамон дар арафаи соли нави мелодӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи файзобод ба қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хӯрокии идона тақдим намуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






