«Гӯсфанди вазнин, аммо бомаззаву муфид», «Хосиятҳои соли ҳамдуна», «Ин маҳ куҷо равон аст», «Ман мухлиси мунтахаби миллӣ ҳастам», «Гар бихандонӣ ятими хастаро» — ин ва дигар мақолаҳои дар нашрияҳо чопшуда

Декабрь 31, 2015 13:42

Душанбе, 31.12.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 257 аз 26-уми декабри соли равон мақолаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосимро бо номи «Пешво — ифтихори ман ва ифтихори мо» ба нашр расонида, андешаҳои корманди Академияи илмҳо Нозим Нурзодаро дар ҳошияи мақолаи С.Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» бо номи «Шуури ҷамъиятӣ ва муҳитсозии миллӣ» пешкаши хонандагон кардааст. Муаллиф навиштааст: «Мақолаи С.Ятимов як навъ пешниҳоди мушаххас ба фарҳангиён, рӯшанфикрон, зиёиён ва давлатмардони миллист, то мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва амниятии минтақаро аз роҳи илму мантиқ расидагӣ намуда, реша ва бунёди тақсимоти маснуии ҷаҳон ва минтақаро дар бастагӣ бо манфиатҳои миллӣ дарёбанд ва дар ин самт ҷиддӣ тасмимгирӣ кунанд». Дар шумораи рақами 258 аз 29-юми декабри соли равон «Ҷумҳурият» дар хусуси шиносоии Сарвари давлат аз ҷараёни сохтмони Масҷиди марказии ҷомеъ, машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон Бираҷа Прасад гузоришу хабарҳо чоп карда, матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва матни дигар қонунҳоро оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул шуда, Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ кардааст, ба нашр расонидааст. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» аз 30-юми декабри соли равон Иттилоияи расмӣ аз ҷараёни маҷлиси Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон чоп шудааст. Мақолаи таҳлилии «Замин ғамхорӣ мехоҳад» ва мақолаи танқидии «Як бому се ҳаво» ва хабарҳо аз кишварҳои хориҷӣ дар ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» нашр шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 25-уми декабри соли равон ҷараёни ба тасвиб расидани Созишномаҳо доир ба интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи миёна ва Осиёи ҷанубӣ (CASA-1000)-ро чоп кардааст. Созишномаҳои мазкур имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзони неруи барқро ба бозори минтақа ворид кунад. Шумораҳои 178-179 «Садои мардум» дар 8 саҳифа чоп шуда, матни қонунҳои навқабулшуда ва қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷударо пешкаши хонандагон кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз иқдоми «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», ки бо иштироки зиёда аз 4000 ҷавон дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо нишони дастгирӣ аз қабул шудани Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» баргузор шудааст, гузориш омода намуда, ҳамчунин натиҷаҳои пурсишро бо номи «Соли 2015 аз кадом ҷиҳат бароятон хотирмон буд?» ва мақолаи С.Суннатиро бо номи «Хосиятҳои соли ҳамдуна» чоп кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои Камол Насрулло ва дар саҳифаи наср ҳикояи Маҷид Салим «Ҳамдуна» ва номаёди Гулназар «Дар хонаи Расул-ака»-ро чоп кардааст.

«СССР» мусоҳибаи Сайёфи Мизробро бо президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таҳти номи «Ман мухлиси мунтахаби миллӣ ҳастам» пешкаши хонандагон карда, дар ду саҳифа бо сарлавҳаи «Ҳаводиси соли 2015» муҳимтарин ҳодисаҳои соли сипаришударо нашр намудааст.

Ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-иттилоотии «Чархи гардун» мақолаҳои «12 талафот дар 12 моҳ», «Соли исёни полковникҳои хоин ва муллоҳои ғарак», «Ба маймун маъқул шудан мехоҳед?», ҳамчунин мақолаи публисистии Умари Шерхонро бо номи «Одина Ҳошим: Агар ин ҷавон худашро дошта тавонад…»-ро пешкаши мухлисони худ кардааст.

Нашрияи соҳавии «Нақлиёт» мақолаи С.Дилбоварро бо номи «Сарез ба заминҷунбӣ тан надод» чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» — нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Дар кадом ҳолат суратҳисоби андозсупор баста мешавад?» мақолаи мутахассис Ромиш Шаҳобиддиновро чоп кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» таҳти номи «Гар бихандонӣ ятими хастаро» аз мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони ятим ва маъюби 9 мактаб-интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ ва чор ноҳияи шаҳри Душанберо, ки дар арафаи иди Соли нав баргузор гардид, гузориши муфассал нашр кардааст. Бояд гуфт, ки Сарвари давлат дар арафаи соли нави мелодӣ ба 12000 нафар ятим, бепарастор ва кӯдакони маъюб кумакҳои моддӣ расонид. Мақолаи Ҳуриннисо Ализода «Гӯсфанди вазнин, аммо бомаззаву муфид» аз ҳодисаҳои муҳими ҳаёти сиёсии кишвар дар соли 2015 нақл мекунад.

 

Декабрь 31, 2015 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷиксуғурта» ба шаҳрвандон ва ташкилот беш аз 1,1 миллион сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт намуд
Президенти Тоҷикистон: «Сифати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест»
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд
Дар Душанбе беш аз 13 ҳазор нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Волоияти қонун асоси устувории давлат ва шарти муҳими зиндагии осоиштаи мардум аст»
Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт