Гуфтушунидҳо дар Токио
Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ “Ховар”). — Аз 26 ноябр то 2 декабр соли 2015 дар Токио гуфтушунидҳо байни ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ва намояндагони Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) баргузор гардид. Ҷониби япониро директори генералии Раёсати Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Қавқози Агентии мазкур Като Тошинобу муаррифӣ кард. Ҳамчунин дар мулоқот ҳайати ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” таҳти роҳбарии директори генералӣ Рустам Холиқов иштирок кард.
Зимни вохӯриҳо масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсия қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки сохтмони терминали боркашонӣ дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом хоҳад расид. Намояндаи JICA зикр кард, ки ҷониби японӣ кумакҳои техникии худро дар татбиқи лоиҳаи бахши инфарасохтори нақлиёти Тоҷикистон идома хоҳад дод.
2 декабр дар натиҷаҳои гуфтушунидҳо дар бинои сафорат маросими баимзорасонии шартнома миёни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ва ширкати “Added Value Corporation Japan” барои татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” баргузор гардид. Санади мазкурро директори генералии ҶСК ”Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Рустам Холиқов ва Президенти ширкати “Added Value Corporation Japan” Синити Фудзита ба имзо расониданд.
Лоиҳаи “Беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва JICA амалӣ мешавад. Тибқи он Ҳукумати Япония барои харидории низоми фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва дигар таҷҳизоти зарурӣ грант (дар ҳаҷми 578,888,000 йен) ҷудо намудаст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






